Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 16.

Шрифт
Фон

Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин маслиҳати наврӯзиро бо шарҳаш шунав: ҳамеша кабутари обӣ5 бош, на мурғи обӣ! Яъне мисли он паррандаи моҳихор фақат поктарин навола моҳиро луқмаи ҳалол кун, на кирму обсабзаро монанди мурғобӣ

Шайх Маслиҳатдин андаке таваққуф карда, аз ҷайб як каф моҳичаи тиллою нуқра баровард, ки тибқи таомули қадима дар радифи дигар сокинони суғднажоди Хуҷанди бостонӣ махсус дар маҳаллаи Заргарон созонда буду ҳар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як моҳичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ҳамоил карду маслиҳат дод, ки сеи дигарро ба Бибисолеҳаю духтаронаш ҳадяи наврӯзӣ барад.

 Оби кӯзача ба бехи ниҳоли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тибқи суннати аҷдодӣ шинондам. Ин ниҳолро муридон аз Балх овардаанд, ки аз рӯзгори ориёиҳо то замони Хуросони исломӣ маркази аслии баргузории ҷашни Наврӯз буд. Ин навниҳол аз оби раҳмат нашъунамо ёфта, Тути калони Хуҷанд мешавад, ҳазорсола мешавад. Ту ҳам сарсабз мешавӣ


* * *


Чоштгоҳи рӯзи сешанбе аз бурҷи баланди куҳандиз овози мутантани мунодӣ ба атроф ғулғул андохт:

 Нашунидам, нагӯед! Нафаҳмидам, нагӯед! Пагоҳ оғози сари сол Ҷуфтбаро-ооро-оон!! Ҳар касе молу замин дорад, ба Боғмайдони Унҷӣ барояд ва урфу одати дадою бӯвоҳо-о баҷо о-о-орад!

Нидои даъватиро шунидан ҳамон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати масҷид воқеъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинурӣ қироати китоби олими маъруфи хуҷандӣ Мӯсо ибни Абдуллоҳ «Ҳиками амсол»-ро қатъ намуда, пас аз дуо гуфт:

 Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузорӣ бидуни таъхир, нидои мунодӣ оиди ҷуфтбаророн ишоратест аз оғози ҷашни Наврӯз. Мо бояд дарҳол аз ҳама кору ташвишҳои зиндагӣ худро фориғ гардонем ва ба хушҳолӣ пайвандем. Яъне чун ҳамеша аз ҳамин лаҳза таътили идонаи шумо шурӯъ мешавад!

Нигина, ки барои дидани мактаби шаҳр ва қиёс кардан бо мактабхонаи деҳа «меҳмон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ҳамон бо шӯру шавқ аз ҷой мехезанд. Вале дувоздаҳ духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос рӯ ба омӯзгор ботавозӯъ нишаста, ҳатто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати онҳо низ сахтгир асту ду ҷумлаи машҳурашро ба толибаҳои шаҳрӣ низ зеҳннишин кардааст: аввалан шогирд пеши устод саропо гӯш шавад ва агар ӯ сухан гӯяд, чун соя хомӯш бошад; сониян шогирд ҳеҷ гоҳ густохӣ накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муроҷиат сукут наварзаду тамаллуқ як сӯ ниҳода, мағзи гапро гӯяд, жож нахояд.

Бибинурӣ аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо рӯҳи болида гапашро давом дод:

 Таътили мову шумо як ҳафта давом мекунад. Ҳар як рӯзи он як шохаи Наврӯз аст, ид аст, замони хушдилӣ аст. Дар арсаи чаману боғу гулзор ва идгоҳ бемалол шодию бозӣ кунед, аммо дар ҳама ҷо адабу иффат нигаҳ доред ва ҳама кор бо ақлу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Наврӯзи Бузург мешавед.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод!

Гулдухтарон табрикоти маъмули наврӯзиро бо хушҳолӣ такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ҳар кадоме алоҳида-алоҳида Нигинаро ба меҳмонӣ хонданд. Аммо Бибинурӣ фақат ба ду нафар Гулсимо ва Саодат иҷозат дод, ки ӯро ҳамроҳи худ баранду шаҳрро тамошо диҳанд.

Сайри Хуҷанд аз манзили Маҳастӣ оғоз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ҳамсоя. Вай аз деҳаи дурдасти Исфарамарз омадани меҳмони хурдсолро дониста, бо чарбзабонӣ ҳар серо ба ҳавлии тозаву озода дароварду роҳравон шарҳ дод:

 Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ

Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем

 Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда?  аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:

 Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.

 Чӣ ном дорад китобаш?

 «Чоргоҳи Маҳастӣ».

 Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».

 Наход?! Оъ ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?

 Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.

 Кӣ??

 Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам,  риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!

 Мирмалик акои ту?!  якбора ба шавқ омад Нигина.

 Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.

 Дар куҷост ҳозир акоят?

 Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?

 Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ

 Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон!  риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум

 Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?

 Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!

 Бубахшед маро. Наметонам дигар хел

 Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.

 Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!

 Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд

Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?

 Падарам метавонанд,  ҷавоб гардонд Саодат.  Он кас шогирди бисёр доранд.

 Писари ман яке аз онҳост,  гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама.  Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!

Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.

 Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад насиб, меоем ба меҳмунӣ

Идгоҳ аллакай серодам менамуд. Ҳалвогарону нишаллочиҳо, пазандаю нонвойҳо ва фурӯшандаҳои меваҷоти тару хушк тиҷоратро оғоз бахшида, кулолу мисгару косатарошу заргарон ва дигар пешаварон дӯкону раста месохтанд ё хайма мекашиданду устоҳои дуредгар дар мобайн Дарахти оламро устувор мекарданд, ки аз ибтидо рамзи асосии Наврӯзи Хуҷанд, маркази дилхушию тамошо буд.

 Акоям мегӯяд, ки ба Искандари Мақдунӣ иди Наврӯз ҷудо ҳам маъқул шудааст,  худ аз худ ба гап даромад Гулсимо.  Ба канори Яксарт расидан ҳамон фармудааст, ки ана дар ҳамин соҳили хушманзара идгоҳи калон созанд барои таҷлили Наврӯз, то мардум хушҳол бошанду идгоҳи искандарӣ мисли ин ҷашни ҷовидона то будани одаму олам ба ёдгор монад.

 Аз ҳамун вақт сар шудагӣ ҷашни Наврӯзи Хуҷанд?  пурсид Нигина ва гардан ёзонда, ба тори Дарахти олам нигарист, ки шабеҳи санавбарҳои бузурги кӯҳистони Ворух буд.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3