Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 15.

Шрифт
Фон

 Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!

 Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест!  бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо.  Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд

 Яъне ки бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?

 Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам

 Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд!  доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин.  Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.

Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред


* * *


Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.

 Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав!  вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ.  Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.

 Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.

 Чува дар он ҷо?

 Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақатагар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд

Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай»

Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!

 Вой, бобоҷун!  кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ.  Оъ Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!

 Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.

Нигина бо чашмони ҳаёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Алҳамдулиллоҳ» ба гӯшаш расид. Сӯйи овоз шитофт ва Пире дид маҳосинсафеди сурхрӯй, субҳаи саддона дар даст канори Сайҳун нишаставу бо нигоҳи нуронӣ ба мавҷи дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мегӯяд. Наздиктар омаду ҳисоби кораш гум шуд. Зеро мувофиқи дастури модар амал карда, худро дарҳол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист оби дарё имкон намедод. Маҷбуран интизор истод, ки тӯлонӣ нашуд. Шайх Маслиҳатдин нимовоз «Аллоҳу акбар» гуфту даст ба рӯй кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:

 Пештар биё, ғунчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони ақл ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки сеҳру ҷодуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шудӣ, маслиҳат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супорӣ, то раво-раво инояти азалӣ дарёбӣ ва ҳар чиро Худо ба ту додааст, бегумон соҳиб шавӣ.

Нигина дасти адаб рӯи дил ниҳода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:

 Эй Бобокалуни меҳрубон, фидои шумо дилу ҷунам!

Шайх Маслиҳатдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастангоҳ мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ниҳонхонаи дил кушод:

 Баъди намози бомдод ҳар субҳидам ба соҳили Сайҳун мешинам, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сайҳун! Нишастан дар лаби обу ғарқи дарёи тафаккур шудан ҳар шахси соҳибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф таҳнишин гаштан аст Алҳол маслиҳат ин аст, ки ту ҳам лаҳзае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шавқат бо вусъати Сайҳун мувозӣ гардад, баҳри дилат ба мавҷ ояд ва дарёҷӯш шавӣ

Нигина ҳамчунин кард ва нигоҳаш бо маҷрои дарё пеш рафту қафо баргашт, боло рафту поён омад, ба он соҳил расиду ба дуриҳои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзараҳои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ҳузуру ҳаловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фаҳмид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!

 Оре, об ҳар куҷост, зиндагӣ он ҷост!  андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ҳамадон.  Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Хуҷанд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, вуҷуди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба рӯшноӣ мерасонад, осиёби зиндагиро ҳамеша гардон медорад, талхию шӯрӣ аз мазоқи мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинкомӣ меорад.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Обе, ки имрӯз тамошо дорӣ, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали баҳор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби раҳмат табдил меёбад, ба чашму рӯйи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб медиҳад, ҳама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ҳамин сабаб ниёкони мо, ки обро муқаддастарин муқаддасот медонанд, обпоширо як рукни Наврӯз меҳисобанд, дар арафаи иди баҳор ба умеди бақо ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби раҳмат шодоб мегардонанд.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Азбаски рӯйи ту шабеҳи гули наврӯзист, маслиҳат ин аст, ки расми аҷдодиро имрӯз аз ту оғоз бахшем.

Ҳазрати бузургвор кӯзачаи сафолиро пури оби навбаҳор карду «умрат мисли об дароз шавад!» гӯён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва кӯза ба соҳил ниҳоду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «ҳар дарду бало дорем об бубар!» гӯён се бор ҷаҳид. Сипас бо оби равон дасту рӯй шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:

 Анизриб би ъасока-л-баҳра!4 Асо дар дарё зан!

Бобокалон бо чеҳраи пуртароват ва тару тозаю ҷилодори Нигина бо меҳр назар афканду аз беди соҳил се шохчаи сабз канда, даруни кӯзача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:

 Имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустию худро ба ҳадди булуғ наздик расондӣ. Ин рӯзи басо хотирмони ҳаёт, ки оғози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гулғунчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё задӣ, дигар кӯдак наӣ ва бодиққат гӯш дору ҳуш ба паёми обоӣ кун: қадри обу нону намак ҳамеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бикӯш, то оби чашм дар дида нигоҳ дорӣ, аммо агар аз ноилоҷӣ оби чашм резӣ ҳам, оби рӯ ҳифз намо; ба дӯстон ва дугонаҳои ҷонӣ об аз ҷигар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу равған мухолиф не, балки монанди обу ҳаво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ҳован кӯфтан кӯшиши беҳуда асту ҳеҷ кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3