Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 17.

Шрифт
Фон

 Наврӯзи Хуҷанд мисли дарёи Сайҳун аз дуриҳои дур сарчашма мегирад,  ҷавоб гардонд Саодати ба сол аз ҳар ду калонтар. Модаркалонам мегуфтанд, ки номи якумин рӯзи олам Наврӯз аст. Ин маъниро аз китоби тафҳими Абурайҳони Берунӣ ёфтам, ки «аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» навиштааст. Дар китоби «Осор-ул-боқия» оғози гардиши фалак, яъне ибтидои офариниши оламро аз рӯзи ба тахт нишастани аввалин подшоҳи рӯйи замин Каюмарс ҳисобида, ба ин муносибат барпо гардидани ҷашне ба номи Наврӯз зикр шудааст.

 Ин қисса дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдрас шудагӣ илова намуд Гулсимо.  Дар китобҳои қадима таъкид мешавад, ки Каюмарс аввалин одам дар олам буда, корбасти обу гиёҳу маъданро ба дигарон ёд додааст.

 Фаҳмидам, ки Наврӯз будааст аввалин рӯзи олам ва Каюмарс аввалин подшоҳи олам ва Яксарт будааст номи пешинаи Сайҳун. Чӣ дахл дорад ин ҳама ба Наврӯзи Хуҷанд?

 Дар китоби муғон номи шаҳри мо ба шакли «Хва-канта» будааст ба маънои «шаҳри офтоб». Дар «Насиҳат-ул-мулук»-и аллома Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «подшоҳии Каюмарс сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!

 Наход? Намеояд боварам

 Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!

 Куҷост қабри ӯ?

 Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?

 Албатта!

Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:

 Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.

 Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор

 Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.

Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:

Ҳаво, ҳаводор е,

Барги сафедор е,

Уштуро қатор е,

Сандуқо пурбор е.

Биё, навбаҳоре е!

Биё, навбаҳоре е!


* * *


Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.

 Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб гуфт Назорат.  Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!

 Бахудо, ки рост!  тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат.  Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки

 Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро?  пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд:  Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.

 Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?

 Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро «унҷӣ», замини кӯҳдоманро «ноҷӣ» мегуфтанд, ки номи деҳаест дар он тарафи ағба

 Падари худораҳматиям боре гуфтанд, ки «барои ғалладаравӣ Унҷӣ меравам». «Унҷа меравед?»  пурсиданд модарам бо лаҳни хеш. «Ҳа,  гуфтанд бо табассум падар.  «Ун ҷа» гуфтани тую «Унҷӣ» гуфтани ман як замин аст, ки Сайҳун аз канори он мисли оринҷи қатшуда ҷорӣ мешавад.

Сухани лутфомези Бибинурӣ бо лабханд шунида шуд. Вале саволи Бибисолеҳа ҳамаро ба ханда овард:

 Пагоҳ унҷа мерем ё унҷӣ?

 Ҳамакаса ба ҷуфтбаророн меравем,  андаке асабонӣ шуд Аҳмадсайид.  Мебинем, ки он ба говхунуккунони Ворух монанд аст ё не?

 Ҳам дар Воруху ҳам дар Унҷӣ ва ҳам дар Хуҷанду ҷумла олам Наврӯзи деҳқон якгуна асту бо роҳи дида меояд. Ҳар касе пеш аз дамидани сапеда дида бикушояд, пеш аз дигарон ба дидори Наврӯз мерасад, хушбахту хушрӯз мешавад,  гуфт бо оҳанги шаббахайр Шайх Бурҳониддин.  Дар субҳи ҷуфтбаророн ҷавонон мекӯшанд, рӯйи банури пиронро бинанду фотиҳаи нек гиранд, мо бошем, баҳри он мекӯшем, то рухи тифлонро бингарем ва дуо кунем, ки ҳамроҳи тифли накуноми табиат сарсабзу гулбасар шаванд


* * *


Дар Унҷӣ аввалин шахсе, ки ба назари Нигина намуд, Деҳқонбобои озодалибос Бадриддин бародари Шайх Маслиҳатдин буд, ки меҳмононро бо чеҳраи нурафшон истиқбол мегирифт. Бибинурӣ ба ҳамроҳонаш фаҳмонд, ки ҳукамо вайро иқтоъдор мегӯянду уламо молики замин меҳисобанд, аммо барзгарон ва боғкорон бо меҳр деҳқони одил меноманд. Зеро Бадриддин ҳар кадоме ин раъиятро ном ба ном медонаду аз рағбату ҳунар ва ҳусну қубҳи аксарият комилан огоҳӣ дорад, аз фасод пок асту ҳатман ва ҳаққан мардуми хокпошро ҳимоят мекунад, ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе аз онҳо намеситонад, ягон маҷбурияти берун аз одат намениҳад.

 Фаҳмидам, ки аз Бадриддин ҳам холиқ розию ҳам халқ!  таҳсиномез нидо кард Аҳмадсайид ва дар паҳлӯи деҳқонон истоду ҳамроҳонаш ба ҳалқаи занону духтарон пайвастанд. Амакдухтарон муддате рӯйи сабзагилеми навруста нишаста, лаклакпаронию гӯштингирӣ, буҷулбозию хурӯсҷанги кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:

 О-омада-а-андд!

Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.

Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.

Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:

 Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.

Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!

Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!

Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3