Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 14.

Шрифт
Фон

Меҳмонҳо чун ба ҳавлӣ даромаданд, аҳли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ҷавони ҳамқад гилем метаконданду духтараке косаву табақ мешуст ва зарфҳои лабпарида ё андак кафидаро алоҳида мегузошт. Кадхудо бо ҷорӯби дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ғубор тоза мекарду очаи Бибинурӣ дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиёҳ сафед мегардонд. Вай, аз омадани меҳмонҳо бехабар, бо овози баланд нидо кард:

 Саросема нашаведу бикӯшед, то дар ягон гӯшаи хона ё кунҷу канори ҳавлӣ заррае ифлосӣ ё сиёҳӣ намонад! Фаҳмидед?  гӯён ба ҷавонҳо нигаристу нигоҳаш ба Нигина бархӯрд ва пешгир аз миён кушода, сӯйи дарвоза давид.  Эҳ-ҳе, Нигинаҷон омадаст! Хуш омадӣ, духтари оча! Хуш омадед, меҳмонҳои нури дида!

Нигина боли парвоз кушода, ба оғӯши муаддибаи пазмонгаштааш париду ҳамдигарро бӯсаборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.

 Чӣ ҳол дорӣ, духтари оча? Медонам, ки роҳи дароз пургарду дард аст, ранҷи ароба бисёр

 Нағз ҳамааш, очаҷун. Маъқул шуд ба ман роҳи пурафсона. Аз хунукӣ гурехта, ба гармӣ расидем.

 Гармиро ту овардӣ, духтари оча. То дина ҳаво ях барин буд, мисли рӯзи зимистон

Баъде ки ҳама давра нишастанду гуфтаниҳои ибтидоӣ гуфта шуд, Шайх Бурҳониддин сухани ҳамсарашро тақвият бахшид:

 Ҳақиқатан ҳам шумо аз Ворух баҳор овардед. Сармои ҳафтрӯзаи барди аҷуз, яъне охирин нафаси сарди аҷузкампир, ки онро мо хуҷандиён «баъди чилла-ҳилла» мегӯем, дина ба охир расиду имрӯз ҳаво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кунҷе ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ҳушдор дод, ки Наврӯз меояд! Ва мо шурӯъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди аҷдодист.

 Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани меҳмонҳо хонаҳоро тозаю озода мекунед,  гапро ба шӯхӣ кашид Аҳмадсайид.

 Ҳам ину ҳам он!  бо ханда ҷавоб гардонд соҳибхона.  Имрӯз мардуми Хуҷанд аҳлона ба тозакорӣ машғуланд. Зеро аксу наҳси аҳриманӣ аз қудрат ва тавоноӣ маҳрум гашта, бо ҳидоят ва маслиҳати бародарам Шамсиддин имсол дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз бо шукӯҳмандию шаҳомати бузург чун дар аҳди сомониён таҷлил мешавад.

 Магар Наврӯзҳои пешина бешукӯҳ буд?  мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисолеҳа.

 Шикӯҳ дошт, аммо на ба қадри дилхоҳ. Дар замони сомониён махсус барои ҷашни Наврӯз идгоҳи бузурге вуҷуд дошт ва тантанаи мардум басо хушҷилою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки қарохониҳо ба Хуҷанд расид, идгоҳи обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ҳам аз обу ҳам аз гили Сайҳун дуд баромад!

 Оббо!  аз мағзи дили Аҳмадсайид низ оҳи сӯзон баромад.  Ана акнун сабаби дар Ворух бо ҳамҳамаю дамдама ид нашудани Наврӯзро фаҳмидам. Маълум мешавад, ки бо шикасти давлати сомониҳо дарахти наврӯзи олам шикаста, ба гулбазми мардумӣ боди хазон расидааст.

 Мағзи гапро гуфтед, бародар. Қарохониён, ки аз пасмондаи яғмою чигил ном қабилаҳои бодиянишини турк пайдо шуда буданд, ашаддитарин душмани сомониён ба ҳисоб мерафтанду дусад сол пештар аз таваллуди Нигина шаҳру вилояти моро ба тасарруфи худ дароварда, авлоду аҷдоду расму ойини сомониҳоро беамон решакан мекарданд. Бадтарин сиёҳамали ин бадкорони сияҳдил хати батлон кашидан ба ҷашни гулафшони табиат буду «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, ин кӯчиёни бедин ба ҷойи Наврӯз иди майпарастон Хазонакро ҷорӣ намуданд.

 Чува??  овози чирросии Нигина он қадар баланду ногаҳонӣ садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш қад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.

 Онҳо ба чанд савдогару одамҳои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ҷойдорӣ барои майкашӣ хеле мувофиқ асту агар Хуҷанд ба маркази майбарорӣ ва майгусорӣ табдил ёбад, ба роҳи абрешим пайроҳаи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ҳоким кофӣ шуд, ки пулпарастони ҳарис ба сар давиданду Наврӯзро рад карда, Хазонакро ҷонибдор шуданд ва сари майхораҳо ба осмон расонданд. Он замон ҳар касе калимаи «Наврӯз» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ҳолаш табоҳ мешуд

Шайх Бурҳониддин оҳе сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Хуҷанд ба ёд овард. Аз рӯзгори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Хуҷандӣ ҳикояте гуфт, ки дар сӯҳбату маъракаҳо агар аз Наврӯз сухан равад, мисли ҳезуми хушк дармегирифт. Ӯро огоҳ карданд, ки эҳтиёт бошад ва сухан санҷида гӯяд.

Дар маҳфиле аз сӣ лаҳни Борбад сухан рафту онро ороиши Наврӯз номид. Нафаре эрод гирифт:

 Ороиши иди Хазонак бигӯ!

 Ҳаргиз чунин нагӯям! Хазонак иди палидон асту Наврӯз ҷашни покон!!

Он лаҳза касе намедонист, ки арзиши ҷумлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ҳокими қарохонӣ маҳз ибораҳои «Хазонак иди палидон, Наврӯз ҷашни покон» кифоят шуд, ки ӯро ба қатл маҳкум кард ва фармуд, то хонумонашро бисӯзанд!

Аз ин шумхабар огоҳ шуда, бародари калониаш Абӯбакри Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ бо аёлу ақрабои хеш филҳол рӯ ба гурез ниҳод, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфаҳон расид ва он ҷо муқимӣ шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи мӯътабари Оли Хуҷандро асос гузошт.

Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ҳарос фаромӯш шуд. Зиндагии Абӯбакр ва пайвандонаш дар ҷойи нав маҷрои тоза ёфт. Лекин маълум гардид, ки қарохониҳо ҳақиқатан ҳам уштуркина будаанд: гумоштаи онҳо шоир ва олим Абусайиди Хуҷандӣ писари Абӯбакрро вақти маъвизахонӣ дар масҷиди ҷомеъ бераҳмона ба қатл расонду хунсардона гуфт:

 Ҳар ким дар бораи Наврӯз амри маъруф кунад, хунаш меоқад

Шоира Маҳастии Хуҷандӣ низ бо хашму ғазаби навдавлатони қарохонӣ дучор гардид ва ин ҳодиса дар базми яке аз бузургони шаҳр рух дод. Он вақт Маҳастӣ нав ба синни бистсолагӣ қадам ниҳода, аммо дар ҳусну малоҳат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз накҳати гулу сабзаи фасли навбаҳор вайро хумори ҷашни ниёгон ба сар омаду бадоҳатан як рубоӣ эҷод карда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик гуфт:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Дӣ бар зад аз оби Марв нилуфар сар.

Наврӯз, ки шуд, боди Сайҳун ҷонпарвар,

Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.

Дӯстон ва наздикон дар баҳри эҳсосот ғарқа шудани Маҳастиро ҳис карда, «аз бало ҳазар» гӯён, ӯро ба эҳтиёт даъват карданд. Вале ғурури ҳусн ва ҳунар боло гирифту ба замзамаи ғазали наврузӣ аз эҷоди Анварӣ шурӯъ кард:

Бингар чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро

Хонуми булбуловоз бо лаҳни форам суруд мехонд, вале базм ба охир нарасида, ду навкари сиёҳҷурда башаст омаданду айши ҳамаро талх гардонданд ва хостанд, Маҳастиро ба маҳкамаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миёнҷӣ шуда, бо лутфу караму ҳадяи фаровон дами табарро гардонданд ва Маҳастиро аз дари оқиб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару панҷара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ҳамлаи чокарон ва таҳдиди онҳо хабар дод.

Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифоқа оварданду саҳл осуда шуданд. Вале рӯзи дигар чанд сипоҳии туркнажод бо роҳбаладии хуҷандие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ҳис карда, модарро ба по хезонду ҳар ду ҳадаҳа аз ҳавлии ҳамсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирорӣ шуданд. Маҳастӣ дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Хуҷанд дорам» гӯён умри ширин бо шӯрию талхӣ гузаронд

 Баъди гурехтан аз хона як рубоӣ гуфтагӣ Маҳастӣ,  бетоқатона ғунчаи лаб бикшод Нигина.  Азёд кардагӣ ман ин рубоиро:

Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,

Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

 Офарин, духтари оча!  шогирдро рӯҳбаланд гардонд Бибинурӣ.  Пагоҳ ба тамошои шаҳр мебароем, ба ҳавлии Маҳастӣ меравем

 Намеравам ҳеҷ куҷо, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам!  гуфт бо якравии кӯдакона Нигина.  Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3