Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 13.

Шрифт
Фон

Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: « Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»

Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии Қароботур хуни сияҳ ба замин рехту дигар ёзӣ-ёзӣ накада, сари таслим фуруд овад

Чун сухани Мирмалик ба нуқтаи таммат расид, шунавандаҳо оҳи сабук кашида, ӯро офарин хонданду Шайх Бурҳониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:

 Ҳокими қарохонӣ ноилоҷ дасти ҷиянпаҳлавони маро бо нишони ғолибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба туркӣ гуфт: «Ту дигар Мирмалик нестӣ. Темирмалик ту, эй оҳанбозу!»

Ин гап ба дилам сахт расиду луқма партофтам: «Эй ҳоким, турктозӣ бас аст!». Аз шиддати ғазаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, чӣ муддао дорӣ?». Гуфтам: «Ҷияни маро Темирмалик нагӯй, то туркон решапайванди худ наҳисобанд» Хандиду гуфт: «Хуҷандиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабонӣ ва талхгуфторӣ мекунӣ?! Ба ҳурмати Шайх буданат аз гуноҳат гузаштам, эй Қилич!»

Тамом вассалом: гапи ҳоким гап шуду аз ин рӯз эътиборан ман Қилич, ҷиянам Темурмалик!»

 Як саволи ғалатӣ дорам,  диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард Қосими қаднавча.  Агар иҷозат бошад, пурсам

Деҳхудо бо ишораи сар рухсат доду Қосим ба ҳамсоли худ муроҷиат кард:

 Эй Мирмалик, росташро гӯй, ки ҳар дуи шумо ҷияну тағои ҳақиқӣ ё қалбакӣ?

 Тағои меҳрубонам акои буваҷонам, ҳар дуяшон фарзанди як падару модар!

 Оре, модари Мирмалик, ки Моҳсимо ном дорад, ҳамшираи ҷонии ман аст,  посухи ҷиянро мукаммал гардонд тағо.  Ин номи меросӣ. Аслан, исми шарифи духтари Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо домоди амири кабир буд!

Он айём амирони бузурги сомонӣ дар пайравии шоҳони сосонӣ рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар маҳалҳо мамнун бошанд, ҳамчун нишони қадршиносӣ духтар ё набераи худро ба он ҳумоюнбахт номзад мекарданд. Ҷадди бузурги мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипаҳбуди содиқи лашкари сомониён. Оқибат бахт ба рӯяш хандид ва бо лутфи Исмоилшоҳ бо набераи соҳибҷамоли ӯ хонадор шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил Гулсимо момокалони ман

 Агар шафшаи3 шаҷараи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имрӯз хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин меҳмонем!  каф ба ҳам зада, деҳхудо бо нишоти афзун хитоб кард:  Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!

 Ҳама чашм дар роҳи оҳангаранд,  хулосаи худро бо овози баланд изҳор кард Сабзалӣ.  Ина, хандон-хандон меояд.

Ҳамиди оҳангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза лаҳзае қарор истода, фориғдилу шодбаҳр нидо кард:

 Эй мардум, шодиёна диҳед! Писаракам сиҳат шуд! Нону шир хӯрд, бо гӯши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо!  марди таҳамтан ва қавибозу тозон пеш омаду мисли кӯдак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз мағзи дилу ҷон гуфт.  Аз ин баъд ману фарзандам муриди ҳалқабаргӯши шумо, Пирам!

Атрофиён оҳангари маҳбуби худро шодишарик гашта, бо оҳанги дастбӯсӣ ба Шайхбобои Хуҷандӣ изҳори сипосу итоат намуданд.

Шайх Бурҳониддин бе ягон халалу озор гулӯе пур аз ҳавои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ҷо оварду оҳангарро сари по хезонд ва лаб ба насиҳат кушод:

 Ба ту мегӯям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ҳам бишнаванд: панди Бӯалӣ Синоро ҳамеша дар ёд доред ва ҳамеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, муҳаббати некон ва дониши тамом дошта бошад.

Ҳамиди оҳангар, ки дигар парокандааҳволу ошуфтакор набуд, ба фазилату дақиқназарии Пири мӯъҷизнамо бори дигар қойил шуду чеҳрааш аз нури ихлос боз ҳам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самимӣ гуфт:

 Ба шодиёнаи сиҳат шудани Неъмат рафтем ба ҳавлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камбағалӣ ва ҳар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ҳамаро зиёфат мекунам.

 Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. Ҳоло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд армуғони табаррукро ба соҳибонаш месупорем.

Сабзалӣ бо ишораи Шайх Бурҳониддин аз кӯлбор се тасбеҳи қаҳраборанги чӯби сандал бароварду ба дасти Иброҳимхоҷа, Аҳмадсайид ва Абдулсайид яктоӣ дод.

 Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин ба ҳар кадоми шумо як тасбеҳи табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбеҳ меоваред, ҳамвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи таҳлил биёваред.

Ҳазрати ҳумоюнӣ ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ армуғони алоҳида эҳдо карданд девони Маҳастӣ! Бигӯед, ки биёяд ва ҳадяи гаронбаҳо худаш бигирад.

Сабзалӣ то омадани Нигина ба ҳозирин маълум намуд, ки Мирмалики хушқалам бо маслиҳати устод ва Пири раҳнамои худ шеърҳои Маҳастиро дар қоғази соф бо хати равон хаттотӣ кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.

 Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки ҳолиё Нигина кабутари парвара асту барояш ғизои хуби рӯҳӣ фароҳам овардан вазифаи ҷонии мост сухан бар сухан афзуд Шайхбурҳон.  Мо ӯҳдадорем, ҳар чӣ имрӯз дилхоҳи ӯст, муҳайё созем, гирди сараш парвона бошем, то тавонем беҳтар парварему боли паридан биёмӯзем, то баландпарвозу ҷаҳоннамо шавад.

Нигина дар тан либоси сап-сафед кафтарвор парида, назди кати соябондор омаду сабук таъзим намуда, бо лаҳни ширин «Ассалом!» гуфт ва чашм аз рӯйи падар наканда, ором истод. Шайх Бурҳониддин суханҳои қаблан садододаро содаю фаҳмо ба духтарчаи гулрӯ такрор карду баъде ки Мирмалик китобро супорид, насиҳатомез гуфт:

 Аввал хату савод меомӯзӣ, эй парвара. Сонӣ шеърҳои Маҳастиро аз бар мекунӣ. Шеъри бисёр донӣ, духтари доно мешавӣ. Хуб?

 Хуб шудааст, бобоҷун! Раҳмат ба Шумо, Бобоҷуни Хуҷандӣ!

Очаҷуни Хуҷандӣ ҳам туҳфа карданд дафтару қалам. Гуфтанд, ки худашун муаддиба мешаванду ҳар руз меомӯзанд як сабақи нав. Боз гуфтанд, ки ёд медиҳанд ба ман танбур навохтан! Шудам хеле хурсанд. Ваъда додам, ки мешавам шогирди нағз

 Офарин, ҷони бобо! Бовар дорам, ки ба ваъдаат вафо мекунӣ.

 Албатта, бобоҷун. Шумо ҳам вафо кунед ба ваъдаи худ.

 Кадом ваъда?

 Очаҷуни Хуҷандиям гуфтанд, ки хаста шудаеду дам гиред, бобоҷун.

 Хуб, ҷони бобо. Ҳозир ҳамроҳи бузургони Ворух ба гулбоғи лаби дарё меравем.

 Хайр, бобоҷун, эҳтиёт кунед худатуна. Аз мо нашавед парешун, худам чойрезаки очаҷуни Хуҷандӣ мешам

Равзанаи сеюм. Чакомаи наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои пири арҷманд

Нигина даҳумин навбаҳори умри худро дар шаҳри Хуҷанд истиқбол гирифт. Ваю амакдухтаронаш Назокату Назорат ва модарашон Бибисолеҳаро Аҳмадсайид барои сайру тамошои иди Наврӯз оварда буду дар ҳавлии калони Шайх Бурҳониддин мезистанд. Чолу кампир, ки ҳар сол баробари сар шудани хунукӣ аз кӯҳистони қаҳратун ба шаҳри офтобӣ кӯчида, амалҳои муваққатан мавқуфгузоштаашонро идома мебахшиданд, аҳли ҳар ду оиларо боисрор ба меҳмонӣ хонданд. Мастурабону аз он сабаб омада натавонист, ки кӯдаки ширхора дар бағал дошту тағйири иқлим ва роҳи дурударозро хатарнок ҳисобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозгоҳе барои маҳалла месохт, ягон лаҳза вақти зиёдатӣ надошт мехост то фаро расидани иди азҳо ҳама корро ба субут расонад, то Шайх Бурҳониддини Валӣ хутбаи идонаро маҳз аз минбари масҷиди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ҳеҷ ваҷҳ модару кӯдакро танҳо гузошта наметавонист

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3