Дуруст мегӯям, эй Абдулмаҷид?
Шоири ҳамешаҳозир, ки сухани кадхудоро бодиққат мешунид, нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:
Шумо ҳамеша дуруст мегӯед, Бойбобо!
Атрофиён пасту баланд хандиданду Абдулмаҷид бо рӯҳи болида суханашро давом дод:
Ишораҳоятонро ҳам фаҳмидам, Бойбобо. Ҳар вақте фармоед, Шайхбоборо сари китфу тори сар бардошта, ба Сияҳкӯл мерасонем. Ҳавои тоб-тозаи арчазоронро як ҳафта нафас кашида, оби шифои афсонакӯлро шикамсерӣ нӯшанд, аз ҷиянашон ҷавонтар мешаванд. Дарвоқеъ, чӣ ном доред, ҷияни тағо?
Мирмалик. Номи шарикам Сабзалӣ.
Аз лафзашон маълум, ки ин кас хуҷандӣ не
Ман ҳам ранги шумо кӯҳистониюм, туғойӣ. Ай Хуталон Вақту соаташ ояд, созтар шинос мешем.
Гапи меҳмон қабул! овози соҳибхона омирона садо дод. Абдулмаҷид, ба ту гап ҳамин, ки беҳтарин шогирдҳои ҷавон катӣ ҳамроҳи меҳмонҳо як шинаки зӯр ташкил мекунӣ. Боғи лаби дарё ва нисфи гӯсфанд дар ихтиёри ту, эй мири маҷлис. Ман ҳамроҳи деҳхудою домуллою мӯйсафедҳо бо Шайхбобо дар ин ҷо сӯҳбат мекунем. Абдулсайид маҳфилорои мо
Амака, ман ба тағоям нигоҳ кадосиям. Шумонкади ҷудо шуда, алакуҷо намерам!
Тағои ту акнун бародари ба ҷону дил баробари ман, эй Мирмалик. То ман ҳастам, ту ягон зарра хавотир нашав! Ғайр аз ин
Ними гапи Аҳмадсайид дар даҳонаш ногуфта монду «Хезед, Шайхбобо меоянд!» гӯён аз ҳама пеш ба истиқбол омода шуд.
Шайх Бурҳониддин бо табассуми нуронӣ дасти рост ба сандуқи сина ниҳода, бори дигар одоби саломи ом баҷо оварду бегапу ҳаракати зиёдатӣ назди Ҳамиди оҳангар омад. Писараки бемор ва озурдаро беозор аз бағали падар ба оғӯши худ гирифт, беҳазар аз рухи зардаш бӯсид ва мӯшикофона ба қаъри чашмонаш нигаристу ба падар гуфт:
Медонем, ки ҳамакаса ҳафт моҳ боз илоҷи дард меҷӯеду табобат мекунед. Азбаски ягон нишонаи беҳбуд нест, ҳама гумон доред, ки шояд бемории Неъмати нотавон дармоннопазир бошад. Ин фикри хато асту васвасаи шайтони лайин! Худи ҳозир моро маълум шуд, ки илоҷи дарди ин кӯдаки бегуноҳро мабдаъ ва маод, яъне аввалу охир дигар асту бори дили дардпарварашро тарзи дигар метавон сабук кард.
«Табиби аз ғайб расида» ин бигуфту фармуд, ки пӯсти гӯсфанди навкуштаро биёранд. Худ бо чолокии ҳайратомез кӯдакро бараҳна намуда, пӯсти сафедрангро чу парпеч ба танаш печонд.
Сипас муддате дар ҳолати хеш муроқабат намуда, ҳолати маънавию рӯҳии худро бо ҳоли бемор мутобиқ сохт ва пас аз зикри ҷамил бо овози нимшунаво дуои махсус хонд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аъузу бикалимот иллоҳи томмоти куллиҳи мин шарри мо халақа. Бисмиллоҳи хайраласмон. Бисмиллоҳи раббил арзи ва самои. Бисмиллоҳи ло язурру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳува самъул ъалим».
Баъди қироат ба гӯшу чашму даҳону бинии бемор се бор шуф карду кӯдаки «пӯстинпӯш» ба дасти падар дод:
Кӯдакро пиразоле ҷоду кардааст бо ҳафт банди тилисм. Мо кушодани банди баста оғоз ниҳодем ва боқӣ ба оби равон ҳавола кардем.
Эй падари ранҷур, дил фарох дор ва қад-қади ҷӯйбор рост ба манзилат рав оҳиста-оҳиста ва пайваста «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-азим» бигӯ. Ҷое, ки кӯдак атса занад, қарор исту ба рӯяш се каф оби ҷӯй бипош. Агар чашм кушояд ва «нон» гӯяд, неъмати ҷаҳонро бурдӣ: тилисм кушода ва ҷоду шикаста шудӣ!
Дартоз ба хона шитобу кӯдакро шуста, либоси нав пӯшон ва ғизои сабук бидеҳу хуррам бош дилбанди ту саломат мешавад! Боқӣ «кона-л-лоҳу ало кулли шайъин муқтадир». Яъне, Парвардигор ба ҳама кор зӯру тавоно бошад
Оҳангар рафту деҳхудо ба гап даромад:
Эй Шайхбобои гиромӣ, як пурсиши ом асту агар малоли хотири нозук набошад, лутфан бигӯед, ки оҳангар ва фарзанди касали вайро чӣ гуна дарёфтед?
Пешгуфтор андак тӯлонист
Бифармоед, ҳеҷ кас малоли хотир намешад.
Чор рӯз пеш ҳамроҳи бародарам Шамсиддин, ки ҳама бо эҳтиром Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ мегӯянд, соҳили Сайҳун нишаста будем дар соягоҳе барои дамгирӣ. Чун ҳамеша аз ҷониби машриқ насими фораму салқин боди барин беист вазида, роҳати бадан дучанд мекард. Ҳамин асно аз тарафи мағриб боди гарме бархост нофорам. Бародари азизам, ки аз шеъру шоирӣ хуб бархурдоранд, бадоҳатан байте аз Рӯдакӣ хонданд:
Гетӣ чунин омад гарданда бад-ин сон,
Ҳам боди барин омад, ҳам боди фурудин.
Ибораи «боди фурудин»-ро ду бор такрор карданду сӯям борик назар афканда, «ин боди дабур, ки аз ҷониби Сомғор вазид, ишорае аз болост» гуфтанд ва муддате ба маҷрои дарё нигариста, сукут варзиданд. Сипас ба чунин хулоса омаданд: азбаски боди фурудин ранҷи шуши дардмандро бисёр зиёну зарар дорад, пас беҳтарин даво тағйири боду ҳавост. Маслиҳат доданд, ки муддате дар рустои шумо бошам. Гуфтанд: «Ворух диёри кӯҳистон асту боди дабур ва самум ҳаргиз он ҷо роҳ наёбад. Чил чашма пеши чашм асту меваи накӯ бисёру гулу гиёҳи фаровон ранҷро дармон. Мардумонаш чеҳракушоду меҳмоннавоз, аз илму дониш бархурдор ва хушгуфтор. Аз ин рӯ, оқилон диёри мардуми чеҳракушодро Ворух ном кардаанду шоирон ҷаннати рӯйи замин мегӯянду табибон оби Ворухро дору, ҳавояшро дармон, насимашро шифо медонанд.
Раво ва ҷойиз меҳисобам, ки дигар таваққуф нашояд, эй бародар! Баҳри офият ҳар чӣ зудтар, алалфавр, озими сафар шаведу дар Ворух илоҷи дард ҷӯед ва ҳамзамон дуои раъият гӯед».
Бародари бузургворам дарҳол ба номи шумо, эй хоҷаи Ворух, нома навишта, бо лабханд «ҳар чӣ бар коғаз набишта шавад, беҳтар аз коғаз бошад» гуфтанду ин ду барнописарро роҳбалад намуда, таъҷилан ба роҳ дароварданд. То дарвозаи Фарғона барои гусел омада, дар охирин лаҳза нидо карданд: «Ба ман гуфтанд, ки писари панҷсолаи Ҳамиди оҳангар ҳафт моҳ боз дар Ворух табиби мушкилкушоро интизор аст, то ба дардаш шифо бахшад. Аввал Неъматро дида, баъд аз пайи дигар кор шавед!»
Пири мӯътабари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам авлиё! мад кашид Иброҳимхӯҷа. Ҳар дуятон аз кай боз додари қиёматӣ?
Мо чор бародаронем! Шамсиддини Хуҷандию Шамсиддини Узгандию Низомиддини Марғинониро чил сол боз мешиносам. Ҳамроҳ дар Бухорои шариф таҳсил кардем, шарикдарсем. Ҳар сол як маротиба, бо навбат, дар манзили якдигар меҳмон мешавему ин ҷамънишиниро «маҳфили чор дарвеш» мегӯем. Вале муридон муболиға карда «маҳфили аҳли идрок ва ирфон» мегӯянду маҷлиси асҳоби дониш меҳисобанд.
Ин хел бошад, имсол ҳамаро ба Ворух даъват кунед, сидқан пешниҳод кард деҳхудо, ки бо табассум пазируфта шуд. Абдулмаҷиди шоир, ки кайҳо боз суоле дар нӯки забон дошт, зуд аз фурсати мувофиқ истифода бурд.
Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?
Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?
Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.
Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.
Ба чашм! гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»
Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»