Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 11.

Шрифт
Фон

Ҳавлии рӯ ба рӯ азони акояш Аҳмадсайиди бозаргон буду дарвозаро нимроғ дида, барои ҳолпурсӣ самти ҳаракатро тағйир дод. Дар тахтакати соябондор кадхудои ҳавлӣ ва кадхудои деҳа сӯҳбати гарм доштанд. Халал расондан нахоста, қадам ба қафо гардонд. Вале бародараш бо ишорати даст ӯро пеш хонд:

 Наздиктар биё, додар, ки расо дар вақташ омадӣ! Биёю ба паҳлӯям шин ва гапи Хоҷаро дугӯша шунав.

Иброҳимхоҷа бо усто нӯгидастӣ салом карду ҷумлаи нотамомашро аз нав сар кард:

 Соате қабл аз дорулҳукумати Исфара қосиди мӯйлабдарозе омада буд. Паём расонд, ки пагоҳ аз Хуҷанд меҳмонҳои олитабор меоянду яке хотун аст. Аз номи ҳоким дастур дод, ки пазироӣ ба дараҷаи олӣ шавад. Ин хабарро шунида, сарчархак шудам: оё иззати меҳмонҳоро ба таври шоиста баҷо оварда метавонем?

 Агар хабари омадани меҳмон аз худаш пештар биёяд, худ аз худ маълум, ки басо мӯътабар аст. Лекин, эй Хоҷа, ту бисёр ташвиш накаш як гӯсфанди сафеди бахта тани ман!  чун ҳамеша ҳимат баланд бардошт Аҳмадсайид.  Ана ин ду меҳмонхонаи тозаю озода дар ихтиёри туву меҳмонҳоят. Нону фатири равғанӣ барои даҳ нафар то баромадани офтоб ба қадри кофӣ, ҳатто зиёдатӣ тайёр мешавад.

 Офарин бар ҳимати баландат, эй бозаргони бузург! Лекин агар меҳмони бисёр биёяд, чӣ кор мекунем?

 Аз даҳ зиёдаш меҳмони ман!  бо тавозӯъ даст пеш гирифт Абдулсайид.  Мо ҳам чанд бузу гӯсфанди фарбеҳ дорем. Бо меҳмонзанак Бимастура машғул мешавад.

 Шуд! Гап пухт!  ҳадаҳа аз ҷой хест Иброҳимхоҷа.  Ман рафтам. То омадани меҳмонҳо паноҳатон ба Худо

Чоштгоҳи рӯзи дигар меҳмонҳои хуҷандӣ бо роҳбаладии чопари махсуси деҳхудо аз дарвозаи Аҳмадсайид дарун даромаданд. Онҳо ҳамагӣ чор нафар буданд ду ҷавони аспсавору марди солоре лабочапӯш ва аврате фаранҷидор дар ароба ором нишаста. Кадхудои деҳа, ки ҳамроҳи имом-хатиб барои пешвозгирӣ омада буд, ҳарчанд синча кард, ҳеҷ кадомеро нашинохту тарбуз аз бағалаш афтид. Зеро вай ибораи «меҳмонҳои олитабор»-ро ба таври худ фаҳмида, ҳукуматдорони хушлибос ва салобатноки хуҷандиро интизор буд. «Одамҳои одӣ будаанд, кирои гӯсфанд куштан не» аз хаёл гузаронд деҳкалон ва маънидорона ба бозаргон чашмак заду одоби меҳмондориро риоя намуда, назди ароба шитофт, то мӯйсафедро пазироӣ кунад. Ҳаракати ӯро дидан ҳамон ҷавонҳои савора зуд пиёда шуда, чолу кампирро беозор аз ароба фуроварданд.

Баъди ҳолпурсӣ ва лутфу меҳрубонии қолабӣ Иброҳимхоҷа меҳмонҳоро барои лаҳзае нишаста, нафас рост кардан ба тахтакати соябондор даъват намуд. Аммо мӯйсафед розӣ нашуд ва тарафи офтобнишинро нишон дода, бо лаҳни хаста гуфт:

 Ё деҳхудои меҳрубон, мо биступанҷ фарсанг бештар роҳ паймуда, бисёр малолу калол шудаем. Агар иҷозат бошад, ба яке аз он ду меҳмонхонаи ороста ҳамроҳи улёҳазрат биравем ва лаҳзае дам бигирем. Аммо ҷиянҳои мо ҳамроҳи шумо бошанд. Ва дастёрӣ кунанд.

 Инҳо ҳам раванд, дам гиранд. Шумо баҳузур биосоед. Мо

 Ман он гоҳ биёсоям, ки дили марди оҳангар аз ғам ва ранҷи писар раҳо ёбад.

 Кадом оҳангар? Чӣ хел писар?!

Мӯйсафеди ширрӯй, бодомчашм ва китфвасеъ қадаме пеш гузошта, даст ба китфи Иброҳимхоҷа ниҳод ва махраҷдор гуфт:

 Кадхудои меҳрубон барои меҳмонҳои хуҷандӣ як гӯсфанди сафед нисор карданӣ буданд. Агар аз қавлашон нагашта бошанд, он гоҳ кӣ будани оҳангарро мегӯям.

Деҳхудо, ки чунин забони ростгӯ ва ғайбдониро тамоман интизор набуд, кӯдаквор дасту по хӯрда, бо лабханди сохта чоплусӣ кард:

 Як не, даҳ гӯсфанд қурбони ҳар қадами шумо, эй бузургвор!

 Ин хел ки бошад, ба хонаи Ҳамиди оҳангар кас бифиристед, ки кӯдаки панҷсолааш ҳафт моҳ инҷониб маризи сахт асту падари бечора дар вартаи ноумедист. Бифармоед, ҳар чӣ зудтар писаракашро ин ҷо расонад, то мо бингарем ва даво фармоем.

Деҳхудо ғайбдонӣ ва гуфтори фасеҳи мӯйсафедро шунида, аз шигифт хирасар шуд: вақте чолу кампир рафтанд, аз дунболашон равона шуд, вале даҳ қадам намонда, аз раъяш гашту куҷо рафтану чӣ кор карданро надониста, лаҳзае пушти сар хорида, карахт истод. Хайрият, чашмаш ба Аҳмадсайид афтоду тозон пеши ӯ омад ва ҳузури меҳмонҳои ҷавонро фаромӯш карда, аз изтиробу ҳаяҷон бо овози ларзон гуфт:

 Ин мӯйсафед ҳарчанд ба назар хоксору фурӯтан менамояд, ба Худо қасам ки мӯҳтарам асту лойиқи эҳтироми мӯҳташам!

 Гапатон ҳақ асту рост, эй деҳхудои меҳрубон, тағои ман яке аз озодамардони олитабори Хуҷанд!

Иброҳимхоҷаи ҳайратзада бо чашми ошуфта соҳиби овозро нигаристу фаҳмид, ки боз хатое содир кардааст. «Хайрият, ки дар ҳаққи мӯйсафед ягон гапи дағал нагуфтам»  ин ҷумларо барқвор аз дил гузаронда, ҷумлаи дигар ба забон овард:

 Номи мубораки эшон чист?

Ҷавони тануманд ва қоматбаланди сафедчеҳра аз ҷайб номаи сарбамӯҳре бароварда, ба Иброҳимхоҷа дароз карду бо оҳанги махсус гуфт:

 Ҷавоби савол ин ҷост. Ба мо дастур шудааст, ки мактубро ба дасти деҳхудои Ворух супорем.

Иброҳимхоҷа бо хотири парешон ва дасти ларзон лифофаро саросема кушоду аввал ба имзо нигарист. Чун фаҳмид, ки нома аз Пири бузурги тариқат, садри уламои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ аст, якбора боғ-боғ шукуфта, ба зону нишасту «писархонди пайғамбари олам мактуб навиштаанд» гӯён ному номаи табаррукро бӯсидаю ба дидаҳояш молида, ҳарисона ба қироат пардохт ва чанд ҷумлаи асосиро бо овози баланд хонд: «Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки моро бародари бузург ба шумор мераванд, аз даргоҳи Парвардигори олам қурбати бисёре моликанд. Эшон дар Балху Бухорою Самарқанд ва Ҳисору Хатлону Хуҷанд обрӯю эътибори сутург доранду муридону шогирдони сершумор Азбаски дар пиронсолӣ иқлими гарму хушки Хуҷанд ба саломатиашон созгор нашуд, баъди таҳлил ва ташхис ба чунин маслиҳат омадем, ки муддате дар Ворухи хушбоду ҳаво ва серсояву салқин иқомат кунанд, то аз бемории санахҷ сиҳату саломат халос шаванд Аҳли ҷаннатмакони шуморо иҷозати шафоат ба ин авлиёи замона додем»

Иброҳимхоҷа қироатро тамом карду аз бузургию шаҳомату тафарруди меҳмон ба ваҷд омада, бо чашми азамат атрофиёнро нигарист. Якбора фармоиши мӯйсафеди нуронӣ ёдаш омад ва қассобро сиёсат намуд, ки чаро то ҳол корд аз ғилоф накашидааст ва аввалин марди ба чашмаш намударо оҷилан ба хонаи оҳангар давонд. Сипас ба мардуми гӯшкушода рӯй гардонда, бо оҳанги мутантан мужда расонд:

 Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ бародархонд ва язнаи Пири бузургвори тариқат Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ба Ворухи мо қадам ранҷа намудаанд! Меҳрубон бошед!!

Мардум ба пурсиши аввали худ ҷавоби сазовор ёфта, таҳсиномез нидо дардоданд. Аммо пароканда нашуданд. Зеро дуюмин пурсиши умумӣ ҳанӯз беҷавоб буд:

 Ин бузургвор бо Ҳамиди оҳангар чӣ қаробате дораду маризи бедавои фарзанди ӯро аз куҷо медонад ва оё шифо бахшида метавонад?

 Ман ҳам мисли шумо аз тааҷҷуб беқарорам,  китф дарҳам кашид деҳхудои ҳамеша ҳозирҷавоб. Ана, оҳангар омад. Шояд ба саволҳои мо худаш ҷавоби пухта гардонад

Оҳангари саргарангшуда бо шири модараш қасам хӯрд, ки берун аз деҳа ягон хешу табор надорад ва ин меҳмони хуҷандиро ҳатто дар хоби шабаш надидааст!

Аз каломи оҳангар мароқи мардум дучандон гашт ва чашми умед ба ҷавонҳои ҳамсафар дӯхтанд.

 Мусафед табиби зурай!  ба гап даромад яке.  Даму нафасаш худи даму нафаси Исо пайғамбарай. Як куфу суф кунад, у кудак албатта сиҳат мешад.

 Илоҳо, ҳамин хел шавад. Кӯдак ҳам шифо ёбаду Шайхбобо ҳам. Дарвоқеъ, номи касалиашон чӣ буд?

 Санахҷ,  дарҳол ҷавоб гардонд ҷавони номарасон ва шарҳ дод. Бемории роҳи нафасро пешиниён чунин ном мебурданду арабҳо зиқ-ун-нафас мегӯянд, аммо бо лаҳҷаи мардуми Хучанд нафастанг аст.

 Мо диқинафас мегӯем,  жарф нафас кашида, риштаи сӯҳбат ба даст гирифт Аҳмадсайид бо мамнуният. Аз он шод буд, ки дар поварақи номаи худ Шайхи Бузургвор ба ваю Бимастура паёми алоҳида навиштаанд.  Агар гӯем, ки дар Ворух ин хел касал тамоман нест, шояд хато нашавад. Чунки дар ҷойи мо бод хуш асту ҳаво фораму насим атромез ва оби ширину гуворо ба сад дард даво! Ин гуна бемориро худи табиат бедареғ табобат мекунад. Бародари мо агар дар бари мо як сол манзил гиранду бо мо ҳамнафас шаванд, худ аз худ сабукрӯҳ, тозаҷигар ва дилҷавон мешаванд.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3