Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 9.

Шрифт
Фон

Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:

 Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?

 Чанд борҳо дидаам.

 Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ

 Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!

 Фаҳмо!  сухан мухтасар кард Зарифи Доно.  Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.

Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.

Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.

Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.

Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.

Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд

Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.

 Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст,  хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид.  Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд»

 Он шоир худат нестӣ?

 Не. Вале ман ҳам дар ҷавонӣ як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ҳаст:

Дар фироқат, эй Сайида, зору ҳайрон мондаем,

Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.

Бӯ накарда накҳати гул, ту шудӣ Санги Арӯс

Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.

Ҷавобан ба нигоҳи саволомези муаллиф меҳмони латифтабъ маҷбур шуд, ки таассуроти худро фошофош гӯяд:

 Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбеҳу суханҳои он шоире, ки қаблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. Кӣ будани ӯро саҳеҳ гуфта метавонед?

 Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.

 Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!

 Шумо чӣ?

 Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.

 Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед?  бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.

Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:

Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,

Санги Арӯс Сайидарост кошона.

Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз

Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.

Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:

 Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!

Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.

Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!

Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд

 Омад ба сарам он чӣ метарсидам!  даст ба пешонӣ зад роҳбалад.  Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин меҳмони мо

Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:

 Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.

Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:

Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,

Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.

М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,

К-аз булбулу гул баргу навое дорем!

Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.


* * *


Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.

 Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ,  гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ.  Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.

Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3

Похожие книги

Филиппа
24.5К 181