Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 8.

Шрифт
Фон

Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:

 Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?

Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:

 Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!

Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.

Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.

Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт

Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:

 Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!

Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!

Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,

Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!

В-эй чанги Парихони сабукдилшударо

Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!

Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:

 Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?

 Ман аз куҷо донам?  бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид.  Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?

 Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад,  шарҳ дод шоири Исфарангӣ.  Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?

Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:

 Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд

 Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем!  шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид:

 Ҳоқонӣ ном шоирро медонед, ако?

 Ҳа. Қасидаҳои хуб дорад

 Вай ба Ворух омада бошад ё не?

 Инашро намедонам. Чӣ буд кӣ?

 Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Гӯш кунед:

Чашми бад, к-аз патари оҳанӣ таъвиз нагашт,

Банди таъвиз бибурреду Патар боздиҳед!

Шумо ҳам аз чашми баду тӯмору таъвизи кампирҳо наҳароседу банди тилисм бибурред ва роҳи Патар фарох бикушоед, ки аҷаб нишастангоҳи олиҷаноб асту аз Каҷбед беҳтар! Макони дилкушо набояд ҳайф шавад. Сидқан бикӯшед ва сайргоҳ ба соҳибдилон боздиҳед.

Деҳқоне, ки таърихи Патарро ҳикоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ҷой хест ва даст болои дил ниҳод:

 Барои ворухӣ сухани шоир баробари фармони амир қадру қимат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хоҳад, болои шоҳкат мешинед, сайргоҳро пуродам мебинед ва даҳчанд лаззат мегиред.

Ҳама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод роҳи сафар идома бахшиданд.

Рӯзи сеюми саёҳат аз тамошои Рахнаи Оташон оғоз ёфт, ки дар ҷониби шимолу шарқии деҳа воқеъ буд. Вазифаи роҳбаладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ӯҳда дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ҳамроҳонашро лаҳзае аз роҳгардӣ боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дуриҳои дур оғоз бахшид:

 Ҳу, ана он кӯҳи сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш гӯри муғ ҷой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро гӯристон ё қабристон не? Барои он ки пайравони дини зардуштӣ баробари оташу офтоб заминро низ муқаддас дониста, майит дар хок намегӯронданду фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин кӯҳкамар бошад, маъбади оташпарастон ҷойгузин буду агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз чаҳор ҳазор сол пеш ба габрону муғон тааллуқ дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле қадимист.

 Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва машҳур буд,  ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Аҳмад.  Дар китобҳои қадима сабт шуда, ки ба ин дайри муғон аз Бухорову Самарқанду Истаравшан низ мубадону коҳинон ва ҳатто мубади мубадон ташриф оварда, манзумаҳои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.

Мударрис бо ишораи сар шарҳи шоирро тасдиқ намуд ва бо шавқи аввала афзуд:

 Боз як чизи дигар: ҳама ҷашну маросимҳои хурсандӣ, маҳфилу тантанаҳои муғон дар ин оташкада баргузор мешуд

 Ҳатто базми арӯсӣ?  пурсид ҷавоне.

 Бале. Дар ин маҳфили муборак зардуштиён аз оташи ҳамеша фурӯзони дайр гулхани бузурге афрӯхта, шоҳу моҳ, яъне арӯсу домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мерақсиданду суруд мехонданду шодкомӣ мекарданд. Авҷи аланга, яъне спаниш лаҳзаи висол буд.

 Ин одат ҳоло ҳам дар Ворух давом дорад,  луқма партофт Абдулмаҷид.  Фарқаш ҳамин, ки имрӯза домод саллаю тоқӣ дораду арӯс фаранҷӣ.

 Магар пешина арӯсҳо фаранҷӣ надоштанд?  боз пурсид он ҷавони қаднавча.

 Ту арӯсҳои пешинаро даҳҳо маротиба дидаӣ, Қосим. Лекин маълум мешавад, ки эътибор надодаӣ.

 Ман дидагӣ?! Кай? Дар куҷо??

 Камтар сабр кунӣ, боз мебинӣ. Рафтем

Ҳама ба умеди дидани арӯси замони оташпарастон аз дунболи раҳнамо равон шуданд. Баъди соате дар канори кӯчаи аробагузар санги дарозу борике падид омад монанди дастаи ҷувоз, аммо ҳазор карат бузургтар. Он санги кӯҳ набуду ба хорою рухом ҳам шабоҳат надошт. Мисли санги дарё суфтаю ҳамвору лағжон ва чун санги шиша андаке шаффофу ҷилодор метофт ва дар дашти васеъ яккаву танҳо меистод. Ба назар чунин мерасид, ки пайкарасозе онро махсус дар чунин ҳолат гузоштааст, то бути сангин тарошад. Вале фурсат наёфта, ё натавониста, аз ҳайкалтарошӣ даст кашидаасту нияти вайро боду борон беҳунарона иҷро намуда, бо харошу тарош дар қисмати болои санг сӯрохиҳое монанд ба чашму даҳон ва барҷастагиҳое шабеҳи бинию гӯш ба вуҷуд овардаанд.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3

Похожие книги

Филиппа
24.5К 181