Далержон Дадоевич Ходжибаев - Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ стр 10.

Шрифт
Фон

Ҳиссаи истифодабарии оби нӯшокӣ ва барои зарурияти хоҷагӣ дар истифодабарии умумии он 4-5% -ро ташкил медиҳад, барои зарурияти саноат-2-3%; қисми зиёди ин об аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд. Аз 400 чоҳҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нисфи он ба таъмири капиталӣ ниёз дорад. Ба ҳолати соли 2015 барои аҳолӣ қариб 20 ҳазор ҳисобкунанкҳои об насб шудааст, аз зарурияти умумии 200 ҳазор ҳисобкунанкҳо 10%-и ин миқдорро ташкил медиҳад.

Айни замон 86% истиқоматкунандагони шаҳрҳо, 61% истиқоматкунандагони шаҳракҳо ва 43% истиқоматкунадагони деҳот бо оби нӯшоки таъмин гаштаанд. Нисбат ба соли 2000 ин нишондод беҳтар шудааст. Қариб нисфи хоҷагиҳои оилавӣ оби водопроводро аз шабакаҳои умумии таъминоти об, боқимондаи хоҷагиҳо, 25% (2 миллион нафар) аз обҳои манбаҳои рӯизаминӣ обҳои тозанашудаи дарёҳо, кулҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, ҷӯякҳо ва каналҳо истифода мебаранд, ки онҳо ҷавобгуи меъёрҳои санитарӣ нестанд, агарчи сифати обҳои руизаминии Тоҷикистон дар маҷмӯъ баланд аст.

Қисми зиёди нуқтаҳои аҳолинишин шабакаҳои дурусти обтозакунӣ ва канализатсионӣ надорад, аз ин сабаб дар ҷойҳо сатҳи баланди касалиҳо, махсусан дарунравӣ ва гипатит мушоҳида мешавад, ки он бо ҳолати нохуби санитарию гигиениӣ вобаста аст. Дар шаҳрҳо наздики 50% аҳолӣ аз ҳоҷатхонаҳои обшустатозакунанда ва канализатсия истифода мебаранд, дар баробари ин дар ноҳияҳои деҳот зиёда аз 95% аҳолӣ ҳоҷатхонаҳои кӯчагӣ бо чуқурии кандашуда доранд, ки онҳо ба ифлосшавии замин ва об таъдид месозанд. Инфрасохтори шабакаҳои канализатсионӣ ва тозакунии об таъмиру васеъкуниро талаб менамояд. Ба ғайр аз Душанбе ва Хуҷанд обҳои истифодашудаи шаҳрҳо фаққат қисман тоза мешаванд ва баъд аз он ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд, аз 62 шаҳру шаҳракҳои мамлакат танҳо нисфи онҳо шабакаҳои канализатсионӣ доранд. Обҳои боришот дар шаҳрҳо ба ариқҳои ду тарафи роҳҳо партофта мешаванд ва бе тозакунӣ ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд.

Маблағҳои барои таъмири шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионӣ ҷудошуда, 20 миллион доллари ИМА-ро дар як сол ташкил мекунанд, дар ҳолате, ки талаботи таъмир, васеъкунӣ ва сохтмони шабакаҳо 2 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар 30 шаҳрҳо, шаҳракҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини деҳот айни ҳол корҳо ба маблағи қариб 170 миллион доллари ИМА амалӣ гашта истодаанд. Барқарорсозию азнавкунии шабакаҳои обтаъминкунии нӯшокӣ ва санитарӣ, мукаммалсозии тарафҳо ва сифати хизматрасонӣ идома дорад.

Минерализатсияи зиёди обҳои заҳбурӣ аз майдонҳои обёришаванда ва сатҳи пасти то-закунии обҳои истифодашуда сабаҳои асосии ифлосшавии ҳавзҳо ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ноҳияҳои сераҳолӣ, аз ҷумла ноҳияҳои назди Душанбе, сохтмони қад қади дарёҳо ба назар мерасад, ки он ба ҷамъшавии партовҳо дар соҳилҳо ва пастшавии сифати об оварда мерасонад. Таъсири манфӣ ба сифати об инчунин чаронидани чорво ва гирифтани шағал аз соҳилҳои дарёҳо мерасонад. Партовҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда ва қитъаҳои партовҳои бесоҳиб низ таъдиди муайян доранд ва эътимолияти ба дарёҳо партофтани онҳо вуҷуд дорад.

Дар муқоиса бо давраҳои шӯравӣ (30 сол пеш) вақте, ки ҳаҷми партоиши обрезҳо зиёда аз 100 миллион метри мукааб дар як сол ташкил медод, партоиши обҳои ифлосшуда кам гаштааст, вале ҳисоби он гузаронида намешавад ва арзёбии ҳаҷми обрезҳо айни ҳол душвор аст. Дар гузашта истифодаи босуръати моддаҳои кимиёвӣ дар хоҷагии қишлоқ ба зиёдшавии миқдори заҳрхимикатҳо дар об ва замин оварда расонид.Дар замони ҳозира сатҳи пасти истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нӯриҳо ба сифати об таъсири мусбӣ мерасонанд.

Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо бо роҳи гирифтан ва ташхиси намунаҳо, мониторин-ги обҳои рӯизаминӣ аз ҷониби хадамоти гидрометеорологӣ амалӣ мегардад. Сифати об дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб аст, махсусан дар минтақаҳои куҳии ташаккулёбии дарёҳо.

Дарёҳои Панҷ, Кофарниҳон, Вахш ва Зарафшон бо сифати хуби об фарқ мешаванд, вале ифлосшавии на он қадар зиёдро партови обрезҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин , объектҳои хоҷагидорӣ ва обҳои дренажӣ аз майдонҳои кишт ба вуҷуд меорад. Сифати об дар Сирдарё, ки ба он аз болооб (дар водии Фарғона) обҳои дренажӣ ва обрезҳо аз мамлакатҳои дигар ворид мешаванд, з хуб то миёна вобаста ба давра тағйир меёбад. Дар гузашта паст гаштани сифати об дар Сирдарё, сохтмони дарғотҳо, каналҳо, насосҳои обкаш ва шикори бетанзими моҳӣ ба нестшавии намуди нодири ҷойдории моҳӣ белбинии сирдарёӣ оварда расонд.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3