Эгамзод Додохони - Нигина ва Мирмалик стр 5.

Шрифт
Фон

 Чӣ хел?

 Ин мурғаки нодир, ки фақат аз зираю кокутӣ ғизо мегирад, фақат пайки шодӣ меорад.

 Наход?

 Бовар кун, бонуи дилам. Дар «Китоб-ут-тайр» қосиди ҳумо тавсиф шудааст.

 Қосиди мурғи ҳумой?!

 Оре, бонуи дилам. Доноён навиштаанд, ки ҳар касе шахишро бинад, коми дил ба даст меорад. Агар шоирона гӯем, аз дарахти орзуи дерин меваи ширин ба бор меояд.

 Хеле аҷоиб!!

 Ягон аҷоибот намебинам, бонуи дилам.

 Аҷоибот он аст, ки намедонистам бо кадом забон, чӣ хел ба шумо пайки шодӣ расонам. Қосиди мурғи ҳумо аз ман пешдастӣ кард. Шодӣ кунед, додо мешавед

 Асал ба даҳонат, бонуи дилам!  Абдулсайид аз муждаи деринтизор ончунон ба ваҷд омад, ки шарму ҳаёро фаромӯш ва урфу одатро сарфи назар карда, дастони меҳнатияшро чун шаҳболи уқоб васеъ кушода, ҳамсарашро гарм ба оғӯш кашиду аз рухсораю пешонааш паёпай бӯсид ва шаддаи марвориди яманӣ ба гардани зебои вай овехта, бо овози аз шодию ҳаяҷон ларзон хитоб кард:  Имрӯз чеҳраи ту хубтар аст аз ҳама рӯзҳои дигар! Офарини олам туро, эй бонуҷони дилам, ки мани пиёда ва сархамро шоҳсавори сарбаланд кардӣ! Дили яхбаста ва санггаштаи маро бо як сухан гарму нарм сохтӣ!

Шавҳари шодгашта дарҳол намози шукру сипос гузорид. Ба мазори саҳобаи гиромӣ гӯсфанди чорсолаи бахта назр намуду ба Муясарбону шоли заррин ва куртаю ҷомаи нав аз шоҳивори беҳтарин ҳадя овард ва ёру дӯстонро ба зиёфат хонд


* * *


Дар яке аз рӯзҳои сеюмин моҳи ҳомиладорӣ Бимастура ҳис кард, ки сараш чарх мезанаду дилаш беҳузур гашта ва чашмонаш тира мешаванд. Дарҳол момодояро ҳозир карданд. Набзи беморро санҷиду тапиши дилашро гӯш андохт, кому забонашро муойина кард ва фаҳмонд, ки ин ҳолат барои занҳои ҳомила муқаррарист ва Бимастура чун дигарон сарторик шудааст.

 Аксар занҳои дуҷон ба туршӣ дилкашол мешаванду табъи баъзеҳо ширинӣ меҷӯяд. Як ҳамсояи мо дар чиллаи зимистон ба ғӯра сарторик шуда буду дигар занак ба шири хар! Дили ту чӣ мехоҳад?

 Гӯшти кафтар

Ин гап аз даҳони Бимастура баромадан ҳамон кабутари хонагӣ ноором шуда, ҷониби кадбону нигоҳи аҷибе афканду аз равзана фаррӣ парида, ба айвон баромад. Бори дигар бо чашми ҳаросон соҳибхонаро нигаристу бо тамоми қувват бол зада, ҷониби офтоббаро парид. Бимастура, ки амали кабутарро бо чашми нимторику дили пурғаш тамошо мекард, оҳи сарде кашида, гиряолуд, аммо бесадо гуфт: «Ҳамааш айби худам. Аввал ман хиёнат карда, ба гӯшти кафтар дандон тез кардам. Маро бубахш, кабутари сафедам, кафтараки умедам Аз гуноҳам гузар»

Момодоя, албатта, ҳарфи бесадои кадбонуро нашунид. Аммо ба ҳушёрию чаққонии кабутари рамида қойил шуда, базавқ хандид:

Ҳақиқатан ҳам ҷон чизи ширин будааст! Паррандаи безабон чӣ хел фаҳмид, ки кадбону гӯшти вайро қайла кардан мехоҳад?!

 Гӯшти ин кабутар не!  гиряолуд овоз баровард Бимастура. Ягун кафтари дигар ёбед.

Абдулсайид пичингомез гуфт:

 Оббо, ҷонвари доное! Оъ агар натарсида, ором дар ҷоят меистодӣ ҳам, ман ба ту кордор намешудам Ҳай-ҳай!,  гуфт пичингомез Абдулсайид ва бо таассуф сар ҷунбонда, саночу камон гирифту ба шикори кабутар рафт. Аммо дастхолӣ баргашт то вақти говгум кофту кофт, ягон кафтар наёфт.

Субҳи дигар ба он тарафи кӯҳи Душоха гузашт, ки макони беодам буд. Ин ҷо гулу гиёҳу дарахтони ёбоӣ беадад мерустанд ва парандаю чарандаи хелмахел бехалал мезистанд. Лекин, ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, лоақал як пари кафтар надид

Шалпару ниммурда ба хона баргашту чор мурғи тазарв ва кабки ҳилол болои хон ниҳод яке аз дигаре фарбеҳу ботароват ва иштиҳоовар. Вале Бимастура, ки то ҳол намаке ба даҳон набурда буд, беҳолона «кафтар» гуфту аз ҳуш рафт.

Вақте ба худ омад, овози шавҳарашро шунид, ки бо алам мегуфт:

 Агар ин аҳвола медонистам, ун кафтари гурезпоя бо ресмон баста мемондам Уфф Агар ҳозир ҳамун кафтарак мебуд

 Чӣ кор мекардед?  бо имои чашм пурсид Бимастура.

 Даррав пӯсту пора карда, ба дег меандохтам.

 Неъ!  Бимастура тамоми қувваташро ҷамъ оварда, пурсӯз нидо баровард.  Гушти ун кафтара хурдан мумкин не!! Вай кабутари бахтовар

 Бахтовар буд, марговар шуд!  сӯзи дил пинҳон дошта натавонист дуредгар.  Туро аниси беҳтарин буд, лекин дар лаҳзаи заруртарин гурехт. Туро танҳо партофта, бенишон ғайб зад. Хиёнат кард ба ту!

Аз таънаҳои шавҳар маҷрои фикри Бимастура тарафи дигар тоб хӯрд ва гиряолуд гуфт:

 Рост мегуед, хиёнат кард! Вақте донист, ки гушти кафтар мисли нушдору ба ман зарур аст, ҳам худаш гурехту ҳамҷинсҳояшам гурезонд, ба тухми кабутар қирон овард! Шумоя сарсон, мана бесомон кард. Агар ин кафтари нобакор ба дастам афтад

Абдулсайид бо тааҷҷуби ошкоро ҳамсарашро нигарист, ки ранги рӯяш аз ғояти ғазаб кабуди сияҳфом гашту дандонҳояшро ғачарос занонда, бо мадади кадом як қувваи ниҳонӣ аз ҷой нимхез шуд ва бехудона фарёд кашид:

 Агар ун кафтари бевафо ёфт шавад, бо дасти худам пора-пора карда, хомохом мехурам! Хунашро об барин дармекашам! Хезед мардак, ёбед вай кафтара

Бимастура тамоман беҳолу бемадор гашту рӯйи ҷойгаҳ пару афтид. Момодоя бесаранҷом шуда, шавҳари саргарангро ба по хезонд:

 Аҳволи занак чатоқ! Агар то бегоҳ обу ғизо нахӯрад, кӯдак талаф мешавад. Хезед, аз таги замин бошад ҳам, ягон кафтарбача ёфта бед.

 Боз ба куҷо равам? Дар Ворух кафтархона ё кафтарбозор набошад

 Кафтархона гуфтед?  якбора ба ҷони момодоя ҷон даромад.  Назар ба шунидам болотар аз Санги калон кӯҳе ҳаст номаш Кафтархона. Зуд бошед, аз шикорчиҳо пурседу тозед!

Шикорчии мумтоз Акбар-паҳлавон узр пеш овард, ки кори заруре дораду ҳамроҳ рафта наметавонад ва фақат роҳ нишон медиҳад.

 Шикорчиҳо Санги калона дарвозаи Кеҳ мегӯянд. Як фарсанг болотараш кӯҳи Гаҳвораи заррин ҳаст. Аз бараш як дарёчаи шӯх мегузарад, ки пули ларзон дорад. Аз кӯпрук гузашта, сесад қадам тарафи чап баройӣ, ба Кафтархона мерасӣ. Валекин бағоят эҳтиёт шав, ки пайроҳа лағжонаку хатарнок асту таги ҳар санг як мори калон хона дорад.

 Ин морҳо кафтарбонӣ мекунанд?

 Не, Гаҳвораи заррина посбонӣ мекунанд.

 Аз кӣ?

 Аз деву дад. Мегӯянд, ки гаҳвораи заррини дар мобайни кӯҳ будагӣ моли шоҳи париён асту дар гаҳвора фақат паризодаҳо ҳақи хоб доранд.

 Ба гаҳвора коре надорам, ба ман кафтар даркор.

 Ин хел бошад, натарс. Харсавор меравӣ ё пиёда?

 Аспакӣ.

 Ҷудо нағз. Бишитоб. Роҳи сафеду барори шикор

Аспи бодпо соҳибашро зуд ба даромадгоҳи Кафтархона расонд. Аммо, қасди кор, кӯпрукро об бурда буду Абдулсайид ҳарчанд кӯшид, на пиёдаю на савора ба соҳили дигар гузашта натавонист. Аз қаҳру алам ба оби лойолуд туф карда, бечораҳол ба замин нишаст ва имдодталабона ба гирду атроф нигарист. Дар ин моваро теғи нигоҳаш ба Гаҳвораи заррин бархӯрд ва мисли моргазида аз ҷой ҷаҳида хест: бо чашми сар баръало дид, ки дар он ғорчаи гаҳворамонанди мобайни кӯҳ кабутаре бовиқор нишастааст.

Усто кабутари сафедро дарҳол шинохт. Тоқӣ аз сар гирифтаю дастонашро ба ду тараф алвонҷ дода, аз бехи гулӯ овоз кашид:

 Эй-й кабутари уме-ед!! Поё-онн фаро-ооо!! Кадбонуят интизо-ооор!!!

Кафтар ҳам соҳиби овозро шинохт. Балки ӯро интизорӣ мекашид магар, ки бол афшонда, тирвор поён парид ва ба зини асп нишаст. Саҳле нафас рост карду ба китфи рости Абдулсайид гузашт ва зайли пешина «Курр-курр» овоз баровард. Ё «салом» гуфт, ё «рафтем». Ё ҳар ду

Назди Санги калон онҳоро Аҳмадсайид интизор буд.

 Ба Ҳазрати Бузургвор як сабад себу ноки яккачини Ворух ҳадя бурда будам. Аввал аз ҳоли Бимастураю кабутар пурсиданду андешанок гуфтанд, ки «кафтари тоқа дар танҳоӣ дер напояд» ва ду ҷуфт кабутар ба сабад андохтанд. Ба ту дуруди фаровон гуфта, хатчае навиштанду фармуданд, то оҷилан дастрас намоям. Аз ҳамин сабаб шитобон ба ҷустуҷӯят омадам.

Нома ҳамагӣ аз як ҷумла иборат буд: «Маслиҳат ин аст, ки агар зани ҳомиларо хӯрдани луқмаи шубҳанок зарур бошад раво бошад». Абдулсайид моҳияти маслиҳати саривақтиро фаҳмиду сари кабутари мушкилкушоро сила карда, бо тамоми қувват аспро маҳмез зад. Мехост ҳар чи зудтар кабутар бо ду дасти адаб ба кадбону супорад. Вале паррандаи зирак пешдастӣ кард ва ба ҳавлӣ расидан ҳамон бо чусту чолокии ҳайратангез аз бағали аспсавор берун парид ва болои сандалӣ ором нишаст.

Ваша оценка очень важна

0
Шрифт
Фон

Помогите Вашим друзьям узнать о библиотеке

Скачать книгу

Если нет возможности читать онлайн, скачайте книгу файлом для электронной книжки и читайте офлайн.

fb2.zip txt txt.zip rtf.zip a4.pdf a6.pdf mobi.prc epub ios.epub fb3

Похожие книги

Филиппа
24.5К 181